Ссылки доступа

Додгоҳи ИМА дубора ба деворсозӣ харҷ кардани пулҳои Пентагонро манъ кард


Додгоҳи зинаи болоии аёлати Калифорнияи ИМА қарори зинаи додгоҳи поёниро дар робита ба талоши ҳукумати Трамп барои харҷи қисме аз буҷаи Пентагон дар деворсозӣ дар марзи Мексика, бетағйир боқӣ гузошт.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ки буҷаи Пентагонро мешавад, танҳо дар ҳолатҳои сар задани вазъияти низомӣ ба корҳои дигар харҷ кард. Дар ҳолатҳои дигар ҳукумати иҷроия ҳақ надорад, буҷаро бо хости худ харҷ намояд.

Ҳукумат аз додгоҳи зинаи болоӣ дархост карда буд, ки иҷозаи харҷи буҷаи Пентагонро дар деворсозӣ дар марзи Мексика бидиҳад.

Доналд Трамп, президенти ИМА моҳи январ баъди рад шудани дархосташ аз конгресс дар мавриди ҷудосозии 5 миллиард доллар барои сохтмони девор, дар Амрико вазъи фавқулодда эълом кард.

XS
SM
MD
LG