Ссылки доступа

Шамшербози машҳури мексикоӣ шаҳрванди Ӯзбекистон шуд


Паола Плиего, шамшербози машҳури мексикоӣ шаҳрвандии Ӯзбекистонро дарёфт кард.

Варзишкор Пилего дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, ки аз фасодкорӣ дар Кумитаи олимпии Мексико дилсард шуда, тасмим гирифт, ки шаҳрванди Ӯзбекистон шавад.

Пилего дар соли 2016 се рӯз пеш аз шуруи Олимпиада дар истифодаи допинг айбдор ва аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуд. Вале баъди як моҳ айбҳои эъломшуда рад ва Паола Плиего сафед карда шуд. Баъди ин ҳодиса шамшербози 24-сола нисбат ба Федератсияи шамшербозии Мексика беэътимод шуд.

Ҳамакнун Паола Плиего дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аз номи Ӯзбекистон баромад мекунад.

Мақомоти Ӯзбекистон ваъда доданд, ки ӯро ба бозиҳои олимпии Токио дар соли 2020 хоҳанд фиристод.

XS
SM
MD
LG