Ссылки доступа

Гурӯҳи кории СММ гуфт, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ "ҳазорҳо" шаҳрвандони Тоҷикистон нопадид шуданд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дипломати асосии Аврупо ба Ишқобод омад. Федерика Могеринӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ сафараш ба Осиёи Марказиро аз Туркманистон шуруъ кард (видео)

- Могеринӣ дар бораи озодии баён дар Тоҷикистон. Федерика Могеринӣ масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки иттиҳодия дар масъалаи озодии баён дар Тоҷикистон бетараф нест ва ин масъаларо ҳамеша бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миён мегузорад (видео)

- Арзиши "Опел"-и соли 2004 боло рафт. Манъи воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 аз хориҷа, боиси боло рафтани арзиши ин навъи мошинҳо дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон шудааст. Дар бархе ҳолатҳо ин афзоиш беш аз 20 дарсадро ташкил медиҳад (видео)

- Мулоқоти вазири тоҷик бо дипломати баландпояи Иттиҳодияи Аврупо. Федерика Могеринӣ, сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 6-уми июл бо Сироҷиддини Мӯҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек мулоқот кард, Мулоқот дар ҳошияи нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Ду тараф дар бораи ҳамкориҳо суҳбат карданд (видео)

- Гурӯҳи кории СММ гуфт, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ "ҳазорҳо" шаҳрвандони Тоҷикистон нопадид шуданд. Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ дар поёни сафари панҷрӯзааш ба Тоҷикистон бо нашри изҳороти матбуотӣ гуфт, ки “коршиносон натавонистанд маълумоти расмиро ба даст оваранд”, дар ҳоле, ки, ба қавли ин коршиносон, “ҳазорон нафар” нопадидшуда боқӣ мемонад (видео)

- «Писарам, раҳо соз онҳоро». Шаби боздоштҳо дар Алмато. 6 июл дар шаҳри Алматои Қазоқистон пулис наздики сад одамро дар маркази шаҳр боздошт кард. Онҳо дар маконе қарор доштанд, ки ҳаракати Интихоби демократии Қазоқистон аз сокинон хоста буд, барои баёни эътироз дар онҷо ҷамъ шаванд. Ҳангоми боздоштҳо бархе аз роҳгузарон аз пулис хостанд, ки одамони боздоштшударо раҳо созанд (видео)

- Дар Бишкек мудири мактаби забономӯзӣ аз Нигерияро ба хок супориданд, ки дар маркази шаҳр кушта шуда буд. Алӣ Абубакри 34-сола, зодаи Нигерия 20 соли охир дар Қирғизистон зиндагӣ ва кор карда буд (видео)

- Боздоштҳо дар Рӯзи пойтахти Қазоқистон. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG