Ссылки доступа

Президенти пешини Қирғизистон Отамбоевро бозпурсӣ мекунанд


Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистонро вазорати корҳои дохилии он кишвар рӯзи 8 июл ба бозпурсӣ даъват кард.

Карима Амонқулова, намояндаи хадамоти матбуоти ВКД гуфт, президенти пешин ба ҳайси шоҳид ба бозпурсӣ даъват шудааст.

Кормандони пулис даъватнома ба бозпурсиро ба манзили Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош расонидаанд. Дар даъватнома нишон дода шудааст, ки бозпурсӣ субҳи рӯзи 9 июл доир мешавад.

Отамбоев дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, тасмим надорад, дар бозпурсӣ ширкат кунад, зеро ба мақомот эътимод надорад. Вай гуфт, ба суолҳо вакили мудофеаш Сергей Слесарев посух медиҳад.

Порлумони Қирғизистон 27 июн дахлнопазирии Алмосбек Отамбоевро бекор кард.

XS
SM
MD
LG