Ссылки доступа

Сокинони Ишқобод дар тамузи тобистон бе об монданд


Рӯзи 7 июл дар натиҷаи сурох шудани лӯлаи об сокинони чанд бино дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бе оби ошомиданӣ монданд.

"Садамаи лӯла дар кӯчаи Кемин рух дод. Ҳамаи биноҳои ин минтақа бе об монданд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

Ба гуфтаи ин сокин, мақомоти шаҳрдорӣ сокинонро бо оби ошомиданӣ таъмин накарданд. Дар ҳоле, ки солҳои гузашта ҳангоми сар задани садама дар қубурҳо сокинони беобмондаро тариқи мошинҳои обкаш бо об таъмин мекарданд.

Сокинони Ишқобод мегӯянд, рӯзи 7 июл гармии ҳаво ба 40 дараҷа расида буд.

Бо гузашти ҳар сол сокинони Ишқобод ҳарчи бештар ба мушкилии қатъ шудани об дар тамузи тобистон ва аз кор мондани низоми гармидиҳӣ дар сардиҳои зимистон рӯ ба рӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG