Ссылки доступа

"Ҷин"-и харобкор дар хонаи сокини ноҳияи Фархор (гулчин)


Issyk-Kul lake. Weather forecast. Kyrgyzstan.
Issyk-Kul lake. Weather forecast. Kyrgyzstan.

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Ахбори Озодӣ аз 8-уми июли соли 2019. Таҳқиқи ҳалокати 14 маҳбус шурӯъ шуд, вале ҳадди ақал яке аз онҳоро аллакай ба хок супурданд, шиканҷа амали одӣ дар маҳбасҳои Русия ва чаро баъзе модарон ба атфоли худ шири сунъӣ медиҳанд? (видео)

- "Ҷин"-и харобкор дар хонаи сокини ноҳияи Фархор. Як сокини ноҳияи Фархор аз ҳодисаҳои ғайриоддӣ дар хонааш шикоят дорад. Мегӯяд, хонааш оташ мегирад, дар девор навиштаҳои пайдо мешаванд ва ғайраву ҳоказо. Намедонад, ин корро кӣ мекунад. Мақомот гуфтаанд, ки ҳеҷ чизе нест. (видео)

- Дар Қирғизистон падар ба хотири духтари бемораш дорухонаро ғорат кард. Додгоҳи Қирғизистон Замир Кожокановро барои ғорати $350 панҷ сол аз озодӣ маҳрум ва $1000 ҷарима кард. Кожоканов гуфт, ба хотири харидани дору барои духтари бемораш дуздӣ кард. (видео аз Директ)

- Туркманистон: Тасвирҳои ҳафта. (нигористон)

- Осиё: дар Нурсултон, Алмато ва дигар шаҳрҳои Қазоқистон рӯзҳои истироҳат садҳо одамро боздошт карданд. Дар Тоҷикистон 14 зиндонӣ бар асари заҳролудшавӣ фавтиданд (видео аз Директ)

- "Калонҳо дастгирӣ накунанд, мекӯчем". Дар Файзобод чун борон борид, бошитоб ҳама ба ҷои рехтану чакидани об зарф мегузоранд. Борон дар ин деҳа раҳмати нодир аст (видео)

- Могеринӣ дар бораи озодии баён дар Тоҷикистон. Федерика Могеринӣ масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки иттиҳодия дар масъалаи озодии баён дар Тоҷикистон бетараф нест ва ин масъаларо ҳамеша бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миён мегузорад (видео)

- «Писарам, раҳо соз онҳоро». Шаби боздоштҳо дар Алмато. 6 июл дар шаҳри Алматои Қазоқистон пулис наздики сад одамро дар маркази шаҳр боздошт кард. Онҳо дар маконе қарор доштанд, ки ҳаракати Интихоби демократии Қазоқистон аз сокинон хоста буд, барои баёни эътироз дар онҷо ҷамъ шаванд. Ҳангоми боздоштҳо бархе аз роҳгузарон аз пулис хостанд, ки одамони боздоштшударо раҳо созанд (видео)

- Федерика Могеринӣ, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори назар кард. Могеринӣ дар шаҳри Бишкек бо вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ мулоқот кард (мусоҳиба)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG