Ссылки доступа

Дар шарқи Украина боз як зархариди ӯзбекро куштанд (видео)


Дар Донбасс яке аз зархаридони дигари ӯзбек, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷумҳурии мардумии худхондаи Донетск зидди артиши Украина меҷангид, кушта шуд.

Афсари артиши Украина Анатолий Штефан (Штирлитс) дар Telegram хабар дод, ки зархариди ӯзбек 3 июл дар шарқи ин кишвар кушта шуд. Вай ҳамчунин акси шаҳрванди Ӯзбекистонро нашр кард.

Ба гуфтаи Штефан, ҷасади сокини 32-солаи вилояти Навоии Ӯзбекистон Ҳоҷиакбар Шарипов 6 июл ба ватан фиристода шуд.

Сомонаи "Миротворетс" низ аз кушта шудани Шарипов хабар додааст.

Ҷудоихоҳоне, ки бо Шарипов шинос буданд, дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" навиштанд, ки сокини вилояти Навоӣ бо лақаби "Ӯзбек" дар ҷангҳо барои фурудгоҳи Донетск ва задухӯрдҳои Авдеевка, Блеснаву Промка иштирок карда буд.

Дар бораи ӯзбекистониҳое, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳон ё нирӯҳои ҳукуматӣ дар Украина меҷанганд, омори расмӣ мавҷуд нест.

XS
SM
MD
LG