Ссылки доступа

Boeing мақоми аввали тавлидкунандаи ҳавопаймоҳоро аз даст медиҳад


Ба иттилои расонаҳо, ширкати амрикоии Boeing мумкин аст, мақоми бузургтарин тавлидкунандаи ҳавопаймоҳо дар ҷаҳонро аз даст бидиҳад ва ин мақомро ширкати аврупоии Airbus соҳиб хоҳад шуд.

Boeing сар аз соли 2012 соҳиби ин мақом буд. Аммо суқути ду ҳавопаймои навъи 737 MAX боиси зарбаи билқувва ба ин ширкат шуд. Рӯзи душанбе ширкати ҳавопаймоии Flyadeal аз Арабистони Саудӣ фармоиши хариди ҳавопаймоҳо аз Boeing-ро бекор ва аз ширкати Airbus ҳавопаймо супориш дод. Зарари молии Boeing қариб 6 миллиард доллар баровард карда мешавад.

Баъди суқути ду ҳавопаймои навъи 737 MAX аз ширкати Boeing дар Индонезия ва Эфиопия харидории ҳавопаймоҳои Boeing дар нимаи аввали соли ҷорӣ кам шуд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, манъи харидории ҳавопаймоҳо барои ширкати Boeing ташвишовар аст. Зеро ин ширкат то кунун ба ин мушкил рӯ ба рӯ нашуда буд.

Моҳи апрел Boeing хабар дод, ки дар робита ба манъи парвозҳои ҳавопаймои навъи 737 MАХ наздики 1 миллиард доллар ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG