Ссылки доступа

Фаронса дороиҳои Гулнора Каримоваро ба Ӯзбекистон бармегардонад


Фаронса маблағи аз фурӯши амволи Гулнора Каримова ҳосилшударо ба ҳукумати Ӯзбекистон медиҳад. Дар ин бора расонаҳои Фаронса рӯзи 9 июл хабар доданд.

Ба гуфтаи Николя Байето, додситони фаронсавӣ, манзилҳои Гулнора дар Порис, вилла дар минтақаи Сен-Троп ва қасри де Груссе, воқеъ дар наздикии Версал ба фурӯш рафтаанд.

Муфаттишони фаронсавӣ ошкор карданд, ки ин амвол аз ҳисоби пораҳои аз ширкатҳои хориҷӣ рӯёнидашуда харидорӣ шудаанд.

Ба гуфтаи додситон Николя Баейто, гуфтугӯҳо миёни Ӯзбекистону Фаронса дар мавриди амволи Каримова 18 моҳ идома кардаанд.

Манзили Гулнора Каримова дар Порис баҳори соли ҷорӣ ба қимати 14 миллион евро ба фурӯш рафтааст. Ин арзиш ду баробар камтар аз қимате аст, ки Гулнора онро харида буд.

Ба иттилои расонаҳои фаронсавӣ, Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, манзилаш дар Порисро 31 миллион евро, вилларо 2 миллиону 400 ҳазор евро ва қасрро 28 миллион евро харида буд.

XS
SM
MD
LG