Ссылки доступа

"Ба ман иҷоза намедиҳанд, Тоҷикистон рафта симкортамро сабт кунам"


То анҷоми мӯҳлати сабти дигарбораи симкортҳо дар Тоҷикистон бештар аз як моҳ мондааст ва муҳоҷирони зиёде нигаронанд, аз рақамҳое, ки солҳо боз доштанд, маҳрум мешаванд.

Бар асоси дастури ҳукумат, тамоми шаҳрвандон бояд то рӯзи 15-уми август симкортҳояшонро аз нав ба номи худ сабт кунанд, дар акси ҳол аз он ба таври автоматӣ маҳрум мешаванд. Аммо мушкилӣ дар ин миён на сабти симкорт, балки муқаррароти дигар аст. Ва он ҳам сабти симкорт бо корти пластикии дохилӣ, ки ба ҷойи шиносномаи дохилӣ соли 2014 берун омад ва мардуми зиёде онро надоранд.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо Радиои Озодӣ тамос гирифтанд, мегӯянд, солҳост як рақам доранд, ки бо худ ба Русия бурдаанд ва аҳёнан истифода мебаранд, то баъди бозгашт ҳамонро дошта бошанд. Аммо мушкил ин аст, ки дар Русия имкони гирифтани корти ҳуввият нест ва касе ҳам барои иваз кардани корт садҳо доллар харҷ кардаву корашро монда ба Тоҷикистон барнамегардад.

Ҷовидон Назаров, сокини 30-солаи Душанбе феълан дар вилояти Тамбов дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад. Вай рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ман дар сохтмон кор мекунам ва касе иҷозат намедиҳад, ки ба Тоҷикистон равам. Маблағ ҳам надорам. Аммо вақте тирамоҳ ба ватан бармегардам, дигар симкортам кор намекунад ва ин як мушкили ҷиддӣ мешавад”.

оршиносон мегӯянд, мақомот бояд пеш аз судури чунин дастур андешаи онҳоеро ҳам мекарданд, ки дар хориҷ ҳастанд ва намехоҳанд, аз рақами телефони худ маҳрум шаванд. Парвина Ибодова, коршиноси фанновариҳои иртиботӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён имкон надоранд, соле чанд маротиба ба ватан сафар кунанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, ин қишри ҷомеа маблағ ҳам надорад, ки танҳо барои иваз кардани шиноснома ба Тоҷикистон биёяд. Сафоратҳои кишвар дар хориҷ имкони додани шиносномаи хориҷиро доранд ва аз ҳаққу шароити судури корти ҳуввият маҳруманд.

Мақомоти расмӣ мушкили гирифтани корти ҳуввият ва эҳтимоли маҳрум шудани даҳҳо ҳазор нафар муҳоҷир аз шумораи телефонашонро шарҳ надодаанд. Маълум ҳам нест, мӯҳлати сабти дубора тамдид мешавад, ё не.

XS
SM
MD
LG