Ссылки доступа

"Ҳаҷ ба худнамоии тоҷикон ва бизнес табдил ёфтааст" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Талаби истеъфои Дариға Назарбоева ва боздоштҳо. Дар шаҳри Алматои Қазоқистон кормандони пулис як духтари маъюбро боздошт карданд. Вай дар назди бинои ҳукумати шаҳр истеъфои раиси порлумони Қазоқистон Дариға Назарбоева - духтари Нурсултон Назарбоев, президенти пешини он кишварро талаб мекард. Кормандони пулис ин маъюбро боздошт карданд (видео)

- Дар Майдони сурхи Москва тоторҳои Қримро боздошт карданд. Ин ҳафт фаъоли маданӣ зидди таъқиби тоторҳои Қрим ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд. (видео)

- Осиё: садама бо иштироки наздикони президенти Қирғизистон. Дар Иссиқкӯли Қирғизистон бо иштироки вакили маҷлиси шаҳри Бишкек ва хеши президенти Қирғизистон садама рух дод. Дар садама 4 кас кушта шуд. Садама бо айби кӣ рух дод - пулис иттилоъ намедиҳад. Оё "шенгени осиёӣ" ташкил мешавад? (видео аз Директ)

- Мардум аз бӯи бад ба дод омадаанд. Инҷо кӯдакон бозӣ мекунанду паҳлуи он партовгоҳест, ки соат ба соат бузург мешавад (видео)

- Гуфтанд ба мо: Барои наҷот аз марг ҷоиз аст. Барномаи "Гуфтанд ба мо" маълум кард, мардум кадом вақт омодаанд узви худро бифурӯшанд ё бубахшанд (видео)

- ОЗОДӢ ОНЛАЙН: "Ҳаҷ ба худнамоии тоҷикон ва бизнес табдил ёфтааст".Дар Озодӣ Онлайн дар рӯзи 10-уми июл дар бораи марги 14 зиндонӣ, талаби муллоҳо барои нарафтан ба Ҳаҷ ва бедодгарии ҷину аҷинаҳо дар Фархор мегӯем (видео)

- Сӯҳбати сафири Амрико дар бораи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва ҳуқуқи инсон. Сафири Амрико рӯзи 9-уми июл дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи таъмини ҳуқуқи инсон ва озодии баён ҳамчунин дар авлавияти кораш қарор дорад. Дипломати амрикоӣ ҳамчунин таъкид кард, ки журналистон дар фаъолияти худ озод бошанд ва тавонанд, маълумоти дурустро ба нашр расонанд (видео)

- "Ба мо дар бораи Худо, нашъа ва бекорӣ дарс гӯянд". Ҷавонони Душанбе ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи чӣ шунидану фаҳмидан мехоҳанд (видео)

- Дар бораи қатли рӯзноманигор Пол Хлебников бо гузашти 15 сол чи медонем? Шаби 9 июли соли 2004 сармуҳаррири бахши русии нашрияи Forbes Пол Хлебников аз идора берун шуда, сӯи метро раҳсипор гардид. Қотилон бо мошин наздик шуда, сӯи ӯ тир кушоданд. Хлебников 4 тир хӯрд ва дар роҳ ба сӯи беморхона вафот кард. Дар бораи фармоишгар ва иҷрогарони ин қатл чи иттилое мавҷуд аст (видео)

- «Хоби Чингисхон» ва Рӯзи Нурсултон. Намоишгоҳи рассомони Қазоқистон (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG