Ссылки доступа

De la Rue барои Қирғизистон 500 ҳазор шиносномаи дигар таҳия мекунад


Мақомоти Қирғизистон бо ширкати амрикоии De la Rue шартномаи иловагӣ ба имзо расонданд. Дар доираи шартномаи нав ширкат барои Қирғизистон 500 ҳазор шиносномаи дигар таҳия мекунад.

"Дар айни ҳол дар робита ба таҳияи шиносномаҳо мушкил мавҷуд нест. Мо 226 ҳазор шиноснома дар ихтиёр дорем, ки то охири сол кифоя аст. Аммо ин 500 ҳазори иловагӣ дар доираи шартномаи нав омода мешавад", - гуфт Адилет Бейшеналиев, сухангӯи хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон.

Ба иттилои ин ниҳод, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар Қирғизистон ба шаҳрвандон бештар аз 520 ҳазор шиносномаи нав дода шудааст.

Пештар аз ин дар Қирғизистон дар робита ба таҳияи шиносномаҳои нав баҳсе сар зада буд. Соли 2018 хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон барои харидории шиносномаҳои нав тендер эълом кард. Дар тендер 5 ширкати хориҷӣ ширкат ва "Гарсу Пасаулис"-и литвонӣ пирӯз эълом шуда буд. Аммо ширкати олмонии "Мюлбауэр" аз поймолшавии қонун ҳангоми баргузории тендер шикоят кард.

Мақомоти интизомии Қирғизистон парванда боз ва бархе аз мансабдоронро дар ҳимоят аз манфиатҳои ширкати "Гарсу Пасаулис" айбдор кард. Дар пайи ин моҷаро чанд мансабдор боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG