Ссылки доступа

Модари як зиндонӣ мегӯяд, писараш дар роҳи Хуҷанд "гум шудааст" (видео)


Модари яке маҳбусони тоҷик иддао дорад, фарзандашро аз Хуҷанд ба Душанбе интиқол додаанд ва панҷ рӯз аст ӯро мекобад.

Бибисоч Раҳимова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, писараш Субҳон Қурбонов дар зиндони Хуҷанд адои ҷазо мекард, вале ҳоло онҷо нест. Дар зиндони Хуҷанд ба модари Субҳон гуфтаанд, фарзандаш ҳамроҳ бо як гурӯҳ маҳбусон ба Душанбе интиқол ёфт. Мақомоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ин бора шарҳе намедиҳанд.

Раҳимова мегӯяд, панҷ рӯз аст фарзанд меҷӯяд ва дар ин муддат ба зиндонҳои Хуҷанд, Душанбе ва Бохтар сар зад, то аз фарзандаш дараке ёбад, вале касе ба ӯ дар бораи писараш маълумоти дурусте намедиҳад.

Субҳон Қурбонов ду сол пеш бо иттиҳоми қасди пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундрав ба сенздаҳуним соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки гӯё мехост аз тариқи Туркия ба Ховари Миёна биравад, вале дар нимароҳ боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шуд. Модари Субҳон Қурбонов мехоҳад, бидонад, ки писараш зинда аст ва ё мурда, чун аз ҳалокати 14 зиндони ҳангоми интиқол ба Душанбе бисёр нигарон шудааст.

Бибисоч Раҳимова мегӯяд: "Фаҳмидем, ки мурдаҳоро оварданд, номи писарам набаромад. Дар зиндони Хуҷанд гуфтанд, ки ӯро зиндаву саломат ба Душанбе равон кардем. Зиндони Душанбе омадам, мегӯянд, махфӣ аст. Намегӯянд, фарзанди ман ҳаст ё не. Аққалан наменависанд, ки ҳаминҳоро овардаанд ва мумкин нест, нишон додан, мо майлаш мегӯем меравем." Ба гуфтаи модар, зиндонӣ шудани писар қомати оиларо шикаст ва шавҳараш аз ин дард даргузашт.

Ба ҷуз аз Бибисоч Раҳимова чанд волидони маҳбусони дигар рӯзи 11-уми июл барои дарак ёфтан аз сарнавишти фарзандонашон пушти дари Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и шаҳри Душанбе омаданд. Онҳо ҳам гуфтанд, касе ба онҳо намегӯяд, ки фарзандони маҳбусашон куҷо аст.

Марги маҳбусони тоҷик давоми чаҳор рӯзи ахир дар сархати расонаҳо қарор дорад. Ҳалокати 14 зиндонӣ, ки ба гуфтаи мақомот сабабаш нони олуда будааст, вокунишҳои мухталиф ба бор овард. Ҷузъиёти норӯшани ҳодиса ба тахмину гумонҳо кашондааст. Мақомот мегӯянд, тафтиши ҳодисаро идома медиҳанд.

Бино бар изҳороти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия, ҳодиса шаби 7-уми июл баъди истеъмоли нон (хлеб) рух додааст, ки ба гуфтаи мақомот, яке аз зиндониҳо дар байнашон тақсим кардааст. Ба гуфтаи мақомот, воқеа дар дохили яке аз мошинҳои корвони махсуси интиқолдиҳандаи зиндонҳо рух додааст. Дар ин шаб посбонҳо 128 маҳбуси зиндонҳои Хуҷанд ва Истаравшанро ба зиндонҳои Душанбе, Норак ва Ёвон мебурданд.

XS
SM
MD
LG