Ссылки доступа

Дар Қирғизистон як мард мехост, 3,4 кг мухаддирро вориди зиндон кунад


Шаби 13 июл дар шаҳраки Петровкаи вилояти Чуйи Қирғизистон ҳангоми ворид кардани маводи мухаддир ба маҳбаси сукунатӣ як марди 25-сола боздошт шуд.

Мақомоти Қирғизистон хабар медиҳанд, аз мард 3 килову 395 грам ҳашиш пайдо ва мусодира шудааст.

Нисбати мард бо моддаи "Ғайриқонунӣ омода кардани маводи мухаддир" парванда боз шудааст. Мақомот мегӯянд, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG