Ссылки доступа

Зидди Гулнора Каримова айби нав эълом шуд


Набераи президенти пешини Ӯзбекистон Имон Каримова дар Instagram хабар дод, ки модараш Гулнора Каримова дар зиндон ба нақзи "тартиботи дохилӣ" айбдор мешавад.

Каримоваи хурдӣ изҳори нигаронӣ кард, ки мақомоти Ӯзбекистон барои боз кардани як парвандаи дигар зидди модараш омодагӣ мебинанд.

Ба гуфтаи ӯ, Гулнора Каримова гӯиё субҳи 6 апрели соли равон дар Зиндони занонаи Зангиота ба санҷиши пагоҳирӯзӣ ҳозир нашудааст ва бинобар ин, ӯро дар нақзи "тартиботи дохилӣ" айбдор мекунанд.

"Вале тибқи санадҳои модарам, вазъи саломатии ӯ шаби 5 ба 6 апрел бад ва фишори хунаш баланд шудааст. Вайро он шаб чандин сӯзандору низ карда буданд", - афзудааст Имон.

Дар Ӯзбекистон маҳбусонеро, ки ба нақзи "тартиботи дохилӣ айбдор мешаванд, ҳукми зиндони иловагӣ мунтазир аст. Дар бештари маврид ҳукми ҷазои онҳое, тамдид карда мешавад, ки бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки зидди Гулнора Каримова низ аз ин шева истифода шудааст, ё не. Имон низ ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надодааст.

​Духтари Гулнора Каримова мегӯяд, бояд моҳи марти соли равон комиссияи махсус масъалаи интиқоли модарашро ба маҳбаси сукунатӣ баррасӣ мекард. Вале ин кор барои се моҳ ба таъхир андохта шуда, ҳоло ӯро ба нақзи тартиботи дохилӣ айбдор мекунанд.

Имон мегӯяд, сабаби асосии ин айб қатъи раванди баргардонидани пулҳои модараш ба Ӯзбекистон аст. Додгоҳи Швейтсария 1 июл қарор кард, ки раванди баргардонидании дороиҳои ҳабсшудаи Гулнора Каримова дар ҳаҷми 555 миллион ба Ӯзбекистон қатъ карда шавад.

XS
SM
MD
LG