Ссылки доступа

Ӯзбекистон ихроҷи 140 шаҳрвандашро аз Финляндия тасдиқ кард


Сафорати Ӯзбекистон дар Рига тасдиқ кард, ки 140 шаҳрванди кишвараш бо гумони пешниҳоди дипломҳои сохта аз Финляндия ихроҷ карда шуданд.

"Масъулони сафорат қазияро таҳти назорат гирифта, барои дарёфти маълумоти бештар дар ин замина бо мақомоти расмии Финляндия дар тамосанд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон.

Ёдрас мешавем, телевизиони "Yle"-и Финляндия рӯзи панҷшанбеи гузашта хабар дод, ки Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар 140 шаҳрванди Ӯзбекистонро ихроҷ мекунад. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки шаҳодатномаи сохтаи хатми таълимгоҳи сохтмониеро пешниҳод кардаанд. Ин таълимгоҳ дар соли 1993 аз кор монда, санаи дарёфти дипломҳо аз соли 1997 то 2016 нишон дода шудааст.

Дар Финляндия бештари муҳоҷирони ӯзбек бо корҳои сохтмонӣ машғуланд. Ба иттилои расмӣ, соли гузашта беш аз 800 шаҳрванди Ӯзбекистон дар он кишвар ҳузур доштанд.

XS
SM
MD
LG