Ссылки доступа

Интизориҳои мардуми Ворух аз сафари Эмомалӣ Раҳмон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Исфара сафар мекунад ва қарор аст бо мардуми Ворух -- ҷамоати ҳамсарҳад бо Қирғизистон, мулоқот намояд. Ворух аз ҷумлаи минтақаҳоест, ки сари ҳар чанд вақт дар онҷо муноқишаҳои марзӣ сар мезанад. Эмомалӣ Раҳмон бори ахир соли 1993 ба Ворух сафар карда буд.

Мардуми ҷамоати Ворух мегӯянд, ки аз ҳафтаи гузашта ба ин тараф омодагӣ ба пешвози раиси ҷумҳур ҷараён дорад. Мақомот мегӯянд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара байни рӯзҳои 20 то 25 июл сурат мегирад ва ӯ дар онҷо бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот мекунад.

Як мақоми ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 15-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назар аст дар Исфара мулоқоти президенти Тоҷикистон бо Сооронбой Ҷеенбеков сурат гирад ва ба дунболи он Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати Ворух меравад ва бо сокинони деҳаҳои наздимарзӣ мулоқот мекунад.

Меҳринисо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара рӯзи 15-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло омодагӣ барои сафари президент ҷараён дорад. "Мо хонаҳоро сафед карда истодааем, роҳҳоро мумфарш карда истодаем, мардум бо хушҳолӣ сафари Ҷаноби олиро интизоранд. Умедворем ҳамаи масъалаҳо бо хубӣ анҷом меёбанд",-афзуд вай.

Сокинони ҷамоати Ворух низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки интизори сафари президент ҳастанд ва умедворанд баҳсҳо ва танишҳое, ки тайи солҳо дар мавзеъҳои марзӣ бо қирғизҳо сар мезанад, ҳалли худро пайдо мекунад.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон сафари раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков ба минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасдиқ кард. Аммо масъулини дафтари матбуотии президенти Қирғизистон аз додани ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ карданд.

Онҳо гуфтанд, масъалаҳои гуфтугӯшаванда миёни руасои ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли баррасӣ аст. Ба гуфтаи мақомоти дафтари матбуотии президенти Қирғизистон, бо наздик шудани санаи сафар, ҷузъиёти бештари он расман нашр хоҳад шуд.

Мансабдорони маҳаллӣ ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти сокинони наздисарҳадӣ, умдатан истифода аз манобеи обӣ, замину роҳ ва чарогоҳҳоро ба ҳалли куллии масоили аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳал шудани мақоми қаламравҳои баҳсӣ рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, муайян ва аломатгузорӣ шудани хати марзи байни кишварҳо ба мушкилоти сокинони наздимарзӣ хотима хоҳад дод.

Решаи мушкилоти аслӣ дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмате калони хати марз мебошад, ки аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст. Мақомоти ҳарду тараф мегӯянд, ки мушкил дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад.

Аксари баҳсҳои марзӣ дар хати сераҳолии марз, аз ҷумла дар сарҳади ноҳияҳои Исфараву Ботканди Тоҷикистону Қирғизистон сар мезанад ва асосан ба масъалаи дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо рабт мегирад.

Хати марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст, ки то кунун 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG