Ссылки доступа

Ғафур Раҳимов аз мақоми раҳбарии AIBA истеъфо дод


Соҳибкори маъруфи ӯзбек Ғафур Раҳимов аз мақоми раҳбарии Анҷумани байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA) истеъфо дод. Хадамоти матбуотии анҷуман 15 июл аризаи истеъфои Раҳимовро нашр кард.

Раҳимов дар номаи худ навиштааст, ки ба иллати "айбҳои сохта" маҷбур буд, дар чандин мурофиаҳои додгоҳӣ шахсан иштирок кунад ва дар ниҳоят тасмим гирифт, ки барои исботи бегуноҳияш истеъфо диҳад.

Ғафур Раҳимов 2 ноябри соли 2018 президенти AIBA интихоб шуд.

Интихоб шудани соҳибкори ӯзбек ба ин мақом баҳсҳоеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бор овард. Зеро номи Раҳимов чандин сол аст, ҳамчун "яке аз раҳбарони гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ" дар рӯйхати таҳримшудаҳои Вазорати молияи ИМА қарор дорад.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) 26 июни имсол дар иҷлосияи 134-умаш дар шаҳри Лозанна Анҷумани байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA)-ро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ маҳрум кард. Ба тасмими мазкур раҳбари AIBA интихоб шудани соҳибкори ӯзбек Ғафур Раҳимов сабаб шуда буд.

Раҳимов дар замони раҳбарии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов таҳти пайгарди қонун қарор дошт. Вале бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев номи ӯ аз рӯйхати ҷустуҷӯшавандаҳо берун карда шуд.

XS
SM
MD
LG