Ссылки доступа

Додгоҳ баррасии парвандаи раиси пешини Хадамоти амнияти Ӯзбекистонро оғоз кард


Додгоҳи низомии Ӯзбекистон 15 июл парвандаи додситони кулли пешин ва собиқ раиси Хадамоти амнияти ин кишвар Ихтиёр Абдуллоевро оғоз кард. Ба иттилои манбаи хабаргузории "Фарғона", парвандаи Абдуллоев муҳри махфӣ дорад.

Дар доираи ин парванда ҷамъан зидди 24 кас айб эълом шудааст. Ними онҳо дар боздошт буда, боқӣ ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудаанд ё бар ивази гарав дар озодӣ ҳастанд. Панҷ вакили дифои гумонбарон ба мурофиа роҳ дода нашуданд ва дертар маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ба онҳо хабар доданд, ки айбдоршавандаҳо аз ёрии ҳуқуқии вакилон даст кашиданд.

Ихтиёр Абдуллоеви 53-сола 11 феврали имсол аз мақом барканор шуда, зиддаш бо бандҳои "сӯистифода аз мақом" ва "гирифтану додани ришва" парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар доираи ин парванда собиқ муовини аввали раиси Хадамоти амнияти Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Эгамови 46-сола, муовини пешини раиси Додгоҳи олии Ӯзбекистон Баҳодур Деҳқонов ва муовини пешини додситони шаҳри Тошканд Еркин Абдуллоев айб эълон гаштааст.

Додгоҳи Ӯзбекистон моҳи июни соли равон собиқ додситони кулли дигари ин кишвар Рашид Қодировро бо ҷурми фасодкорӣ ва сӯистифода аз мақом 10 сол зиндонӣ ва муодили 12 ҳазор доллар ҷарима кард.

XS
SM
MD
LG