Ссылки доступа

Раиси иттифоқи касабаи мустақили Қазоқистон 7 сол зиндонӣ шуд


Раиси созмони мустақили иттифоқи касабаи "Меҳнати шоиста" дар Қазоқистон Ерлан Балтабой 17 июл бо ҷурми "дуздии пулҳои созмон" 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Худи Балтабой ин иттиҳомро рад карда, ҳукмашро сиёсӣ номид.

Додгоҳи шаҳри Чимкент раиси "Меҳнати шоиста"-ро дар "азхудкунӣ ё харҷи ғайриҳадафмандонаи моликияти дигарон" айбдор дониста, дастур дод, ки аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шавад.

Ерлан Балтабой ба ҳукми додгоҳ эътироз баён кард. Вай гуфт, ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳад бурд.

Узви созмон Роза Нурекеева, ки дар доираи парвандаи мазкур ҳамчун ҷабрдида номида мешуд, аз шарҳи қазия худдорӣ кард. Балтабой ва вакили дифоаш дар мурофиа исрор карданд, ки тибқи қонунгузорӣ, аъзои созмон ҳаққи талаби баргардонидани аъзопулии худро надоранд.

Балтабой афзуд, ки ҳеч гуна маблағеро надуздидааст ва танҳо пас аз қатъи фаъолияти созмон дар соли 2015 барои ҳифзи пасандозҳои иттифоқи касаба даст ба иқдом зада буд. "Меҳнати шоиста" соли 2014 барои тамдиди муҳлати фаъолияти худ натавонист талаботҳои нави муқарраркардаи мақомотро иҷро кунад.

Балтабой парвандаи худро талоши мақомот барои аз байн бурдани созмонҳои мустақили иттифоқи касаба дар Қазоқистон номид. Ӯ соли 2017 дар Конфронси байналмилалии кор дар Женева гуфта буд, ки мақомоти қазоқ ба иттифоқҳои касабаи мустақил фишор меоранд.

XS
SM
MD
LG