Ссылки доступа

Дар Фарғонаи Ӯзбекистон марги сарбозро таҳқиқ мекунанд


Бобир Мирзоев, сарбози неруҳои низомии Ӯзбекистон шаби 8 июл дар марзи кишвараш бо Қирғизистон дар вилояти Фарғона аз тири дар шикамаш расида фавтид.

Ба гуфтаи як манбаъ аз мақомоти интизомии Ӯзбекистон, сабабҳои тир хӯрдани сарбоз ҳанӯз дақиқ нест.

"Додситонии низомӣ ба таҳқиқи ҳодиса машғул аст. Чи гуна сарбоз аз шикамаш тир хӯрдааст, ҳоло дақиқ нест. Ман наметавонам, бигӯям, ки вай худкушӣ кардааст", - гуфт манбаъ.

Аммо падари Бобир Мирзоев мегӯяд, мақомот ба вай хабар додаанд, ки писараш худкушӣ кардааст.

"Писари ман аз хурдӣ орзуи низомӣ шуданро дошт. Мегуфт, баъди адои хизмати ҳарбӣ, ба ҳайси низомӣ фаъолият хоҳад кард. Як рӯз пеш аз ҳодиса телефонӣ суҳбат доштем, табъаш хуб буд", - гуфт Собир Мирзоев, падари сарбоз.

Вай мегӯяд, ба худкушӣ кардани писараш бовар надорад. "Вақте ҷасади писарамро дидам, осори аз наздик парронданро ошкор накардам. Тир аз шикамаш даромада, аз пушташ берун шудааст. Ҳамчун табиб метавонам бо боварии қатъӣ бигӯям, ки ӯро аз дур паррондаанд", - гуфт Собир Мирзоев.

Падари сарбоз мегӯяд, дар сурати ошкор нашудани сабабҳои куштори писараш ба мақомот шикоят мебарад.

XS
SM
MD
LG