Ссылки доступа

Байни Ӯзбекистону Қазоқистон роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналхалқӣ боз шуд


Роҳбарони ҳукуматҳои Қазоқистону Ӯзбекистон Аскар Мамин ва Абдулло Орипов рӯзи 17 июл роҳи мошингарди "Бейнеу - Оқжигит - сарҳади Ӯзбекистон"-ро боз карданд. Дар ни бора дар саҳифаи расмии сарвазири Қазоқистон дар Инстаграм хабар дода шудааст.

Ба иттилои хабаргузориҳои Ӯзбекистон, тӯли роҳ 84 километр аст.

"Роҳи мазкур имкон медиҳад, ки маҳсулоти Ӯзбекистон ба бозори Русия ва кишварҳои Қафқоз тавассути бандарҳои баҳрӣ ва роҳҳои Қазоқистон дар фосилаи кутоҳтар бирасад", - гуфт сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин.

Доду ситади мол миёни Ӯзбекистону Қазоқистон соли гузашта 3 млрд долларро ташкил дода, аз ибтидои соли ҷорӣ 25 дарсад афзудааст.

XS
SM
MD
LG