Ссылки доступа

Дар ҷануби Туркманистон қарздорони обу барқ мумкин аст, бе моаш монанд


Кормандони муассиса ва корхонаҳои давлатиро дар вилояти Марии Туркманистон маҷбур мекунанд, ки аз ҳаққи истифодаи хизматрасониҳои комуналӣ қарздор набудани худро тасдиқ созанд.

"Оғози ҳафтаи гузашта ҳамаи кормандони муассисаҳои давлатиро вазифадор карданд, ки расидҳои пардохти ҳаққи истифодаи газ, об ва барқро нишон диҳанд. Дар коргоҳҳо гуфтанд, ки ин расидҳо барои додситонӣ зарур аст, онҳо чунин талаб кардаанд", - гуфт як сокини вилояти Марӣ. Ба гуфтаи вай, ба кормандон танҳо дар сурати нишон додани расидҳо маош медиҳанд.

"Сарфи назар аз ин ки нозирони андоз, кормандони сухторнишонӣ чи қадар ҷарима менависанд, ҳанӯз ҳам маблағ намерасад. Одамон иқтидори пардохт карданро надоранд, агар пардохт ҳам кунанд, то буҷа намерасад. Муассисаҳои маҳаллӣ ҳаққи истифодаи газу барқро ба давлат намепардозанд. Нозирони маҳаллӣ ҳармоҳа ҳаққи истифодаи газу барқу обро ҷамъ мекунанд, вале ба давлат намесупоранд", - гуфт ин сокини маҳаллӣ.

Ин дар ҳолест, ки сокинони Туркманистон гирифтори мушкилоти иқтисодист. Онҳо наметавонанд, маош, нафақа ва дигар пардохтҳоро сари вақт дарёфт кунанд.

XS
SM
MD
LG