Ссылки доступа

Эрон ба Тоҷикистон иҷораи маҷонии бандарашро пешниҳод кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Осиё: боло бурдани нархи барқ барои наҷоти ширкати давлатӣ. Дар Тоҷикистон барои наҷоти ширкати давлатӣ нархи нирӯи барқро боло мебаранд. "Маркази сиёсати байналмилалӣ"-и бритониёӣ гузориши худро дар бораи вазъи иқтисодии Туркманистон нашр кард. Дар Қазоқистон дар хонаҳои нав ҳамроҳ бо соҳибони манзил ҳашаротҳо низ маскун шуданд. (видеои Настоящее время)

- "Бозпурсӣ". (гузориш дар бораи шиканҷа аз Қирғизистон)

- Додгоҳи Москва ҳабси маллоҳони украинро тамдид кард. (видео аз Директ)

- Дарахтонро барои сохтмони конгресс-ҳол мебуранд? Нуҳ ҳазор дарахтро дар шаҳри Алматои Қазоқистон барои сохтмони конгресс-ҳол мебуранд (видео)

- Муҷозоти се нафар барои "облава"-и хабарнигори Озодӣ. Додситонии шаҳри Кӯлоб "облава"-ро тасдиқ кард (видео)

- Хадамоти зиддиинҳисорӣ: ҳадаф аз қимат шудани барқ наҷоти "Барқи тоҷик" аст. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, мехост бо қимат кардани барқ вазъи молии ширкати "Барқи тоҷик"-ро ислоҳ кунад. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, нархи феълии барқ, ки 19 дирам аст, хароҷоти онро намепӯшонад (видео)

- Марги моҳиҳои Шинг ба фоҷиаи экологӣ монанд аст. Лошаи садҳо моҳии хурду калон дар соҳили дарёи Шинги Панҷекат нигаронӣ ва пурсишҳои зиёдеро ба миён овард, вале сабаби нобудшудани моҳиҳо ҳануз норушан мондааст. Мардуми ин маҳал мегӯянд, оби рӯдхона аз партовҳои корхонаи оҳакпазии Чину Тоҷикистон заҳролуд шудааст (видео)

- Эрон ба Тоҷикистон иҷораи маҷонии бандари Чобаҳорро пешниҳод кардааст (видео)

- (Но) Озодии динӣ дар Қазоқистону ҷаҳон. Пажӯҳишгоҳи Pew дар Вашингтон дар гузориши нави худ Қазоқистонро ба гуруҳи кишварҳои аз ҳама зиёд маҳдудкунандаи динӣ шомил кардааст. Дар ин раддабандӣ дар ҷои аввал Чин ва сипас Эрон аст (инфографика)

- Бозбинии парвандаи Омурбек Текебоев ба таъхир афтод. Додгоҳи олии Қирғизистон бозбинии парвандаи раиси зиндонии ҳизби мухолифи "Ота Макон"-ро ба таъхир гузошт (видео аз Директ)

- Дар фурудгоҳи Намангон муҳоҷирони ӯзбекро пеш аз сафар ба Русия насиҳат мекунанд (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG