Ссылки доступа

Дар Қирғизистон тарҳи фасодолуди воридсозии мошинҳои гаронбаҳоро ошкор карданд


Хадамоти зиддикоррупсионии Қирғизистон тарҳ ё роҳи фасодолудеро дар муассисаи давлатии "Унаа"-и Хадамоти давлатии бақайдгирӣ ошкор кард. Дар ин бора мақомоти зиддикоррупсионии Қирғизистон хабар доданд.

Хадамот нисбати афроди масъули Департаменти қайди воситаҳои нақлиёт (аз соли 2018 ба "Унаа" табдили ном кардааст), таҳқиқи ҷиноиро шуруъ кард. Масъулони ин ниҳод дар якҷоягӣ бо афроди манфиатдор усули қонунигардонии мошинҳоро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба роҳ мондаанд.

"Ду мошини навъи "Лексус" ва "Шевроле" боздошт шуд, ки бидуни пардохти боҷи гумрукӣ вориди Қирғизистон шудаанд. Хисороти танҳо аз ин ду мошин ба буҷаи давлат расида бештар аз 37 ҳазор доллар баровард мешавад", - хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

Мақомоти зиддикоррупсионии он кишвар ба ошкор кардани ҳолатҳои дигари ба ин монанд машғуланд.

XS
SM
MD
LG