Ссылки доступа

Ӯзбекистон амалиёти дувуми бозгардонии шаҳрвандонашро аз Сурия омода мекунад


Ӯзбекистон ба бозгардонии 177 шаҳрвандаш аз Сурия омодагӣ мебинад. Дар ин бора мақомоти Ӯзбекистон хабар доданд.

Шаҳрвандоне, ки қарор аст, баргардонида шаванд "дар урдугоҳи "Ал-Хол"-и вилояти Хасеки Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Шахсияти онҳо муайян шудааст. Аз ин шумор 48 тан зан ва боқимонда кӯдакон ҳастанд".

Мақомоти Ӯзбекистон 30 май 156 танро бо ҳавопаймои махсус аз Сурия ба Тошканд оварданд.

Ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев, президенти он кишвар шахсан дастури баргардонии шаҳрвандонро аз Сурия додааст. Мирзиёев баъдтар эътироф кард, ки раванди баргардонии шаҳрвандон душвор буд.

"Бо мушкилии зиёд баргардонидем. Ҳавопаймое, ки фиристода будем, аз нисфи роҳ баргашт. Шахсан ба ман тамос гирифта, гуфтанд, ки ҳавопайморо суқут медиҳанд. Ман дастур додам, ки ҳавопаймо дар Озарбойҷон нишинад. Мо панҷ автобус фиристодем, танҳо ду автобус баргашт. Бештари занҳоро надоданд", - гуфт Мирзиёев дар як ҷаласа.

Президенти Ӯзбекистон афзуд, ки сабаби ба минтақаҳои ҷангӣ рафтани ӯзбекистониҳо мавҷуд набудани шароит дар кишвар аст. Вай гуфт, ки бояд ин мушкил рафъ шавад.

Хабар дода мешавад, бархе аз онҳое, ки моҳи май аз Сурия баргардонида шуданд, ба додгоҳ ҷалб ва боқимондаҳо ба корҳои ислоҳӣ фаро гирифта шуданд.

XS
SM
MD
LG