Ссылки доступа

Мақомоти Ӯзбекистон: "хабари расонаҳои хориҷиеро, ки иҷозаи кор дар Ӯзбекистонро надоранд, шарҳ намедиҳем"


Иттилои расонаҳои хориҷие, ки дар Ӯзбекистон расман сабти нашудаанд, шарҳ дода намешавад. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар дод.

Вазорат мегӯяд, ба он далел ин гуна тасмим гирифт, ки талабот ба иттилои онлайнӣ меафзояд ва "бархе сомонаҳо, корбарони интернет, блогнависон иттилоеро нашр мекунанд, ки бо воқеият созгор нест ва дар асоси ҳангома навишта шудаанд".

Ба гуфтаи вазорат, "бархе аз расонаҳои хориҷӣ бо истифода аз зудбоварии шаҳрвандон ба онҳо ваъдаи ҳалли мушкилоташонро медиҳанд ва иттилои бардурӯғ нашр карда, нуфуз пайдо менамоянд", ва "ҳолати мазкур имрӯз ба ҳама маълум аст".

Вазорат тавсия медиҳад, ки иттилоъ аз сарчашмаҳои расмӣ дарёфт карда шавда. "Аз ҳамин хотир, вақте шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ ҷустуҷӯ мекунед, иттилои дақиқро танҳо метавонед аз сарчашмаҳои расмӣ пайдо намоед", - омадааст дар хабари ВКД.

XS
SM
MD
LG