Ссылки доступа

Қирғизистон нахустин роҳхат ба Олимпиадаи 2020-ро дарёфт кард (видео)


Денис Петрашов, варзишкори қирғизистонӣ ба бозиҳои олимпии соли 2020 роҳхат дарёфт кард.

Федератсияи оббозии Қирғизистон хабар медиҳад, ки варзишкор бо гузоштани рекорди нав барои Қирғизистон дар 18-умин Ҷоми ҷаҳонӣ дар бахши шиноварӣ, масофаи 100 метрро дар 1 дақиқаву 94 миллисония шино кард.

Бо ин нишондод Денис Петрашов талаботи иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020-ро иҷро кард, ки қарор аст, дар Ҷопон баргузор шаванд.

18-умин Ҷоми ҷаҳонӣ дар бахши шиноварӣ, ки дар шаҳри Кванҷу баргузор мешавад, варзишкорони бештар аз 200 кишварро ҷамъ овард.

XS
SM
MD
LG