Ссылки доступа

Пулиси Ҷопон ҳукми ҳабси оташзанандаи студияи "Kyoto Animation"-ро содир кард


Пулиси Ҷопон ҳукми боздошти мардеро, ки дар оташ задани студияе дар шаҳри Киото гумонбар аст, содир кард. Ӯ ба иллати сахт сӯхтани баданаш дар ҳоли ҳозир дар беморхона бистарӣ аст.

Маъмурони пулис тасмим доранд, пас аз муътадил шудани вазъи саломатияш гумонбарро ба ҳабс бигиранд.

Дар натиҷаи сӯхтори Kyoto Animation 18 июл 34 кас ҷон бохта, 30 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Гумонбар аз пас аз боздошт иқрор кард, ки дар дохили бино бензинро рехта, оташ задааст.

Студияи Kyoto Animation соли 1981 таъсис ёфтааст. Он филмҳои бисёрсериягӣ ба навор мегирад.

XS
SM
MD
LG