Ссылки доступа

Мансабдори ӯзбек барои ҷалби иҷбории омӯзгорон ба соҳилбандӣ ҷарима шуд


Мубилло Исомиддинов, муовини раиси ноҳияи Косонсойи Ӯзбекистон дар умури рушди саноат ва сохтмон барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои соҳилбандӣ ҷарима шудааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати шуғл ва муносибатҳои кории Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Пештар расонаҳо навиштанд, Исомиддинов дар доираи барномаи давлатии "Маркази обод" дастур додааст, ки омӯзгорони мактабҳои миёна дар бетонрезии соҳили рӯдхонае иштирок кунанд. Ҷамъан 80 омӯзгор ба корҳои соҳилбандӣ ҷалб шудаанд.

Муовини раиси Косонсой тасдиқ кард, ки омӯзгоронро ба иштирок дар корҳои соҳилбандӣ ва бетонрезӣ маҷбур карда буд. Ӯ ваъда дод, ки дар оянда ин кор такрор нахоҳад шуд. Исомиддиновро 608 190 сӯм (69 доллар) ҷарима бастаанд.

Ёдрас мешавем, моҳи феврали соли равон Ӯзбекистон ба Конвенсияи байналмилалии мубориза бо меҳнати иҷборӣ шомил шуд. Вале тайи ду моҳи ахир шумори хабарҳо дар бораи ҷалби ӯзбекистониҳо ба меҳнати иҷборӣ коҳиш наёфтааст.

XS
SM
MD
LG