Ссылки доступа

Дар Алмато гуруҳи занон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳамла карданд (видео)


Рӯзноманигор ва наворбардори бахши қазоқии Радиои Озодӣ Нургул Тапаева ва Токмолд Кусаинов дар Алмато мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Панҷ зани ношинос дар коргоҳи Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон ба кормандони радио ҳамла ва наворбардорро латтукӯб карданд.

Сабабҳои ҳамлаи ин гуруҳи занон ба рӯзноманигорон маълум нест.

Хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ имрӯз барои иштирок дар конфронси "Давлат бо модарону кӯдакон мубориза мебарад" ба бюро рафта буданд. Қарор буд, иштирокдорони нишаст дар ҳузури хабарнигорон ҷузъиёти парвандаи модарони серфарзанди боздоштшуда Оксана Шевчук, Гулзипа Ҷаукерова ва Жазира Демеуоваро шарҳ диҳанд, ки ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ба раҳбарии мухолиф Мухтор Аблязов айбдор мешаванд.

Ин бори аввал нест, ки рӯзноманигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ мавриди ҳамла қарор мегиранд. Рӯзи 6 июл низ ба кормандони радио ҳангоми бозтоби эътирозҳои Рӯзи пойтахти Қазоқистон ҳамла сурат гирифта буд. Кормандони пулис, ки дар маҳалли ҳодиса қарор доштанд, бо вуҷуди дархости рӯзноманигорон дахолат накарданд.

XS
SM
MD
LG