Ссылки доступа

Ҳизби Зеленский имкон дорад, дар Украина бидуни эътилоф ҳукумат таъсис диҳад


Ҳизби "Хизматгори мардум"-и президенти Украина Владимир Зеленский имкон дорад, ки бидуни таъсиси эътилоф бо ҳизбҳои дигар, ҳукумат ташкил кунад.

Ин ҳизб мумкин аст, 115-120 курсии порлумони Украинаро соҳиб шавад. Ҳамчунин эҳтимол аст, то 121 курсии дигарро аз ҳисоби рӯйхати ҳизбӣ соҳиб шавад. Ин теъдод курсиҳо ба ҳизби "Хизматгори мардум" имкон медиҳанд, ки бори аввал дар таърихи Украина аксарияти кулли мандатҳоро соҳиб шавад ва мустақилона ҳукумат ташкил кунад.

Интихоботи порлумонии Украина рӯзи 21 июл доир шуд. Барои 424 курсии порлумон наздики 6 ҳазор номзад довлатаб шуд. Нисфе аз ин курсиҳо байни вакилони якмандатӣ ва нисфи дигар байни руйхатҳои ҳизбӣ тақсим мешавад. Дар маҷмуъ, панҷ ҳизб вориди порлумон шудааст.

Ба иттилои Комисияи марказии интихоботии Украина, баъди шумориши бештар аз сеяки баргаҳои раъй, ҳизби "Хизматгори мардум" 42 дарсад овоз соҳиб шудааст. "Платформаи мухолифон", ки ҷонибдори беҳсозии муносибот бо Русия аст, 12,6 раъй овардааст. "Ҳамгироии Аврупоӣ"-и Петр Порошенко, президенти пешин соҳиби 8,6 дарсад райъ шудааст. Ҳизби "Баткившина"-и сарвазири пешин Юлия Тимошенко 8,3 дарсад овоз гирифтааст. Ва ҳизби навтаъсиси "Раъй" соҳиби 6,3 дарсади овоз шудааст. Ҳизбҳои дигар натавонистанд, садди 5 дарсадиро убур кунанд.

XS
SM
MD
LG