Ссылки доступа

Дар Туркманистон "буҷавиҳо" ба Ҳилои аҳмар "кумак" мекунанд


Муассисаҳои буҷавии Туркманистон вазифадор шудаанд, ки барои Ҷамъияти миллии Ҳилоли аҳмар ҳар моҳ маблағ ҷамъ оваранд.

"Рӯзи 15 июли соли ҷорӣ чанд муассисаи давлатӣ дастур гирифтаанд, ки ҳар моҳа аз маоши ҳар кадом корманд 15 манатӣ барои бунёди Ҳилоли аҳмар рӯёнида шавад. Ин дастур ба ҳамаи муассисаҳои давлатӣ дахл дорад", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Радиои Озодӣ натавонист, назари расмии Ҷамъияти миллии Ҳилоли аҳмарро дар Туркманистон дарёфт кунад.

Ин дар ҳолест, ки қонунгузории Туркманистон кумаки молиро ба Ҷамъияти миллии Ҳилоли аҳмар пешбинӣ кардааст. Ҳилоли аҳмар барои расонидани кумаки башарӣ, кумаки тиббӣ ва кумакҳои дигар ба эҳтиёҷмандон ташкил шудааст.

Ҷамъияти миллии Ҳилоли аҳмарро дар Туркманистон Гулнабот Давлатова, хоҳари президенти он кишвар роҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG