Ссылки доступа

Соҳибкори ӯзбек муовини раиси ноҳияро бо бензин оташ зад


 Мансур Туймаев
Мансур Туймаев

Дар ноҳияи Яккабоғи Ӯзбекистон як соҳибкори маҳаллӣ муовини раиси ноҳияро, ки мехост, фурӯшгоҳи нави дуошёна ва сехашро тахриб кунад, бо бензин оташ задааст. Ҳодиса 20 июл дар назди садҳо одам рух дод.

Муовини раиси ноҳияи Яккабоғ дар умури сохтмон Мансур Туймаев, ки дар ҳамроҳӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои тахриби фурӯшгоҳ рафта буд, пас аз худдории ронандаи булдозер аз иҷрои фармон, хостааст, биноро худаш тахриб кунад.

Вале соҳибкор бар сару рӯяш бензин пошида, ӯро оташ задааст. Шоҳидони ҳодиса зуд оташро хомӯш карда, Туймаевро ба бемористон бурдаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, соҳибкор баъди ноумед шудан аз дарёфти ҷубронпулӣ даст ба ин кор задааст.

Кормандони пулис соҳибкорро дар ҷои ҳодиса боздошт карда, писару ҳамсарашро ба шуъбаи пулис бурдаанд.

"Кӯчаҳои мо ба барномаи "Маҳаллаи обод" дохил шудаанд ва хонаву фурӯшгоҳҳоямонро тахриб карданианд. Мақомот моҳи апрел сокинонро шифоҳӣ огаҳ карда буданд. Вале онҳо бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал карда, намехоҳанд ҳеч гуна ҷубронпулие пардозанд. Ин Туймаев сокинони маҳалларо ба дод овардааст", - гуфт яке аз шоҳидони ҳодиса

Дар Додситонии ноҳияи Яккабоғ бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки дар робита ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бино ба аксҳои фиристодаи кормандони пулиси ноҳия, Туймаев осеби ҷиддӣ надидааст.

XS
SM
MD
LG