Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд


Дар робита ба сафари кории президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба Тоҷикистон гуфтугӯҳо идома доранд.

Интизор меравад, дар ҷараёни сафари Ҷеенбеков масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла марзӣ баррасӣ шаванд. Ба огаҳии дастгоҳи президенти Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир замон ва макони сафар баррасӣ мешавад.

Пештар хабаргузории "Азия-плюс" бо истинод ба манбаи худ хабар дод, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷеенбеков дар шаҳри Исфара вохӯрданист.

Ин дар ҳолест, ки 22 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз низоъ сар зад. Ба он амали сокинони Ворух сабаб шуд, ки мехостанд, ба муносибати сафари Эмомалӣ Раҳмон ба он ҷо, дар сари роҳ парчамҳои Тоҷикистонро овезон кунанд. Сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба ин мухолиф баромаданд ва ба гуфтаи Маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон худсарона заминро кофта, парчами миллии худ ва лавҳаи "Оқсой"-ро насб карданд.

Бино ба хабарҳо, дар баробари сангпартоӣ аз силоҳи оташфишон низ истифода шудааст. Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи Тоҷикони ҷамоати Ворух 22 июл гуфт, "бар асари тиркушоӣ аз тарафи Қирғизистон дар маҳаллаи Тоҷикистон Ҷалолиддин Қароеви 52-сола кушта шуд. Панҷ нафар захмӣ шудаанд, аз ҷумла Абдурасул Шомирсаидов, сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ки ҳоло дар беморхонаи Ворух бистариянд."

Расонаҳои қирғизӣ имрӯз бо истинод ба намояндаи ҳукумати вилояти Бодканд хабар доданд, ки дар натиҷаи задухӯрд 15 кас ба беморхона интиқол ёфта, 12 нафарашон аз тири силоҳ захмӣ шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ расман тасдиқ кард, ки як афсари ин ниҳод дар муноқишаи рӯзи 22-юми июл дар минтақаи наздимарзии Ворух-Оқсой захмӣ шудааст. Вазорат мегӯяд, афсари милиса аз тири камон ҷароҳат бардоштааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки 144 сокини деҳаи Оқсой, асосан занону кӯдакон муваққатан ба ҷойи амн кӯчонида шуданд. Ҳаракат дар роҳи Ворух-Исфара қатъ шудааст.

Ангезаи муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ ва роҳу бозор даст ба гиребон шудаанд ва тоҳ ҳол чандин нафар дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG