Ссылки доступа

Вазорати маорифи Тоҷикистон мехоҳад, пойафзоли ягонаи мактабӣ ҷорӣ кунад


В Таджикистане могут ввести единую школьную обувь
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:04 0:00

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим дорад, пойафзоли ягонаи мактабӣ ҷорӣ кунад. Гуфта мешавад, корхонаи истеҳсоли пойафзол дар заминаи яке аз донишгоҳҳои кишвар таъсис хоҳад шуд.

Либоси ягонаи мактабӣ дар Тоҷикистон соли 2014 ҷорӣ шуд. Аз он замон то кунун ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба хонандагон тавсия медиҳанд, ки либоси ягона харидорӣ кунанд.

Акнун вазорати маориф мехоҳад, пойафзоли ягона низ ҷорӣ кунад. Ин бозори калон ва даромади муфт аст. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, хонандагони кишвар дар сол то шаш миллион ҷуфт пойафзол истифода мекунанд.

Аммо ин бозорро Чину Русия ва Туркия соҳиб шудаанд. Дар ҳоли ҳозир тоҷирони Тоҷикистон аз ин кишварҳо пойафзол ворид мекунанд. Коршиносон мегӯянд, дар сурати роҳандозӣ шудани корхонаи истеҳсоли пойафзол, маҳсулоти ватанӣ бо маҳсулоти хориҷӣ рақобатпазир нахоҳад буд.

"Истеҳсоли пойафзол тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Аммо мо ҳеч стандарте ҷорӣ намекунем, ки барои мисол, сифати чарм чи гуна бошад, ранги он чи гуна бояд бошад. Мо дар ин бора ҳатто фикр накардаем", - гуфт Нуриддин Саид.

Коршиносон бовар доранд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли пойафзол дар Тоҷикистон кори содае нест ва солҳо вақт мехоҳад.

XS
SM
MD
LG