Ссылки доступа

Дар мазори 1000-солаи Бухоро 1700 қабри холӣ ёфтанд


Дар мазори Ҳазрати Имом дар Бухоро 18 ҳазор қабр мавҷуд аст. Аммо аз ин шумор 1700 адад қабри холӣ пайдо шудааст.

Дар ин бора Бафо Нарзуллоев, муовини роҳбари ободони шаҳри Бухоро хабар дод.

"Аз 18 ҳазор қабр 1700 адади он холӣ буд. Солҳои охир пайдо шудани об аз қабрҳо маъмул гардидааст. Ин дар навбати худ қабрканиро душвор мекунад. Аз ҳамин хотир одамон пеш аз марги худ қабр канда, омода мекунанд. Замин барои қабр ройгон аст. Танҳо баъди марг хешони майт маблағи қабрканро мепардозанд", - гуфт Бафо Нарзуллоев.

Дар ҳоли ҳозир дар мазори Ҳазрати Имом корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ идома дорад. Ин мазор бештар аз 1000 сол аст, ки вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG