Ссылки доступа

Дар арафаи зодрӯзи Мирзиёев муҳимтарин ташаббусҳои ӯро гирдоварӣ карданд


Ҳаракати умумимиллии "Юксалиш" дар арафаи зодрӯзи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев миёни 100 сокини ин кишвар ва коршиносони хориҷӣ назарпурсиеро анҷом дода, 10 ташаббуси муҳимтарини ӯро гирдоварӣ кардааст.

Коршиносон ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона бо ҳамсояҳо, боз кардани марз, таъсиси гузаргоҳҳо ва барқарор кардани муколамаи созанда бо кишварҳои Осиёи Марказиро муҳимтарин ташаббуси Мирзиёев номидаанд.

Ҳаракати "Юксалиш" ташаббусҳои муҳими президенти Ӯзбекистонро чунин раддабандӣ кардааст:

2. Озодсозии бозори асъор ва ҳалли мушкили нақдина;

3. Решакан кардани меҳнати иҷборӣ, аз ҷумла бо иштироки кӯдакон;

4. Рушди низоми маориф: афзоиши шумори квотаҳо барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, таъсиси бахшҳои донишгоҳҳои милливу хориҷӣ;

5. Тақвияти нақши расонаҳо дар ҷомеа;

6. Роҳандозии қабулгоҳи маҷозӣ ва мардумии президент;

7. Ислоҳот дар ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ;

8. Ислоҳти низоми андоз ва эъломи таътилҳои андозӣ барои соҳибкорон;

9. Рушди низоми хадамоти давлатӣ ва тадриҷан боло бурдани сифати онҳо;

10. Чораҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ, пурзӯр кардани муколамаҳои байналмилалӣ оид ба сулҳи Афғонистон;

Дар иттилоияи ҳаракат назари танқидии сокинон роҷеъ ба ташаббусҳои президенти Ӯзбекистон оварда нашудааст.

Ёдрас мешавем, Шавкат Мирзиёев 24 июл 62-сола шуд.

XS
SM
MD
LG