Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон: вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон муътадил аст


Ҳудуди 600 сокини деҳаи Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистонро, ки дар марз бо Тоҷикистон ҷойгир аст, ба ҷои амн кӯчониданд. Дар ин бора мақомоти вилояти Бодканд хабар доданд.

Пештар аз ин хабар расид, ки сокинони Оқсой, асосан кӯдакону занонро ба шаҳри Бодканд бурда, дар урдугоҳҳои муваққат ҷойгир кардаанд.

Маркази матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон нисбатан ором аст. Ахиран дар ҳудуди ноҳияи Бодканд мулоқоти марзбонон ва вазирони корҳои дохилии ду кишвар баргузор шуд.

Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бегоҳи 22-юми июл шуруъ шуда ва ба гуфтаи шоҳидон ҳоло низ фурӯкаш нашудааст. Баъд аз зӯҳри сешанбе дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон боз садои тирпаронӣ шунида шуд. Тавре бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, бар асари ин даргирӣ як марзбони қирғиз захмӣ шудааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз қавли хабарнигори худ дар маҳали ҳодиса гузориш додааст, ки марзбони қирғиз аз пояш ҷароҳат бардошта ва ба қисми сарҳадбонӣ интиқол дода шудааст. Шумори қирғизистониҳое, ки захмӣ гаштаанд, акнун ба 17 нафар расидааст. 14 тани онҳо аз тири силоҳи оташфишон маҷруҳ гаштанд. Дар ин бора Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Рӯзи сешанбе вазири умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ки дар муноқишаи марзии дирӯза як корманди полиси Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд.

Манобеи қирғизӣ мегӯянд, дар лаҳзаҳое, ки садои тирандозӣ баланд шуд, намояндаи ваколатдори ҳукумат дар вилояти Бодканд Акрам Мадумаров бо сокинони маҳаллӣ мулоқот доштааст. Аз ин қабл, ӯ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар наздикиҳои деҳаи Оқсой мулоқот кардааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам хабар додааст, ки вазъ дар марз дигарбора муташшанниҷ шудааст. Мақомоти марзбонии Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон даъват кардааст, ки "ба эҳсосот дода нашаванд ва аз ҳар гуна гунаҳкоркунии ҷониби Қирғизистон худдорӣ кунанд".

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мақомоти ду кишвар гуногун шарҳ доданд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, муноқиша замоне сар зад, ки сокинони Ворух мехостанд, ба муносибати сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо, дар сари роҳ парчамҳои Тоҷикистонро овезон кунанд.

Сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба ин мухолиф баромаданд ва ба гуфтаи Маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон худсарона заминро кофта, парчами миллии худ ва лавҳаи "Оқсой"-ро насб карданд.

Сокинони Ворух ба ин муқобил баромаданд ва дар натиҷа баҳс ба занозанӣ кашонид. "Дар ҷараёни кашокаш касе, маълум нест, аз кадом тараф, аз силоҳи шикорӣ тир кушодааст", - мегӯянд намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон. Мақомоти расмии Тоҷикистон чунин ҳолатро тасдиқ накардаанд ва ҳамчунин нагуфтаанд, ки одамон аз чӣ навъи силоҳ ҳадаф қарор гирифтанд.

Сокинони Оқсойи Қирғизистон роҳи Исфара-Ворухро бастаанд ва мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, вазъиятро зери назорат доранд. Маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ҳодисаро "иғвои навбатӣ" меномад ва мегӯяд, "бархе аз доираҳои манфиатдори қирғиз сулҳу оромиро дар хатти марз намехоҳанд ва рӯ ба иғво меоранд".

Дар ҳамин ҳол тоҷикистониҳо роҳи мошингарди Исфана -- Бодкандро, ки ба ноҳияи Лайлак мебарад, бастанд. Аз деҳаи Оқсойи Бодканд 315 сокини қирғизтабори он ба ҷойи амн кӯчонда шуданд.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор, убури марз ва ихтилофоти байнимиллӣ вориди низоъ гашта, то ҳол чандин нафар дар ин муноқишаҳо кушта ва захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG