Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ ду мушакро озмоиш кард


Куриёи Шимолӣ дасти кам ду мушаки номаълумро озмоиш кардааст. Дар ин бора Кумитаи сардорони ситодҳои Куриёи Ҷанубӣ иттилоъ дод.

Хабаргузориии Франс Пресс бо истинод ба як мансабдори амрикоӣ иттилоъ дод, ки Пхенян мушакҳои миёнапарвозро озмоиш кард.

Вазорати дифои Ҷопон мегӯяд, мушакҳо 430 километр дуртар, дар обҳои наздики минтақаи иқтисодии Ҷопон афтиданд, вале ба амнияти минтақа хатареро эҷод накарданд. Вазири дифои Ҷопон Такэсӣ Ивая озмоиши мазкури мушакҳоро "таассуфангез" номид.

Куриёи Шимолӣ моҳи майи соли равон низ чанд мушаки миёнапарвозро озмоиш карда буд. Раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин дар миёнаҳои моҳи апрел дар озмоиши "мушаки идорашаванда" шахсан иштирок дошт. Ба гуфтаи коршиносони амрикоӣ, Пхеня бо ҳадафи фишор овардан ба Вашингтон дар пайи гуфтугӯҳои бенатиҷаи раҳбарони ду кишвар барои халъи силоҳи ҳастаии нимҷазира чунин озмоишҳоро анҷом медиҳад.

Саммити дувуми раҳбарони Куриёи Шимолӣ ва ИМА -- Ким Чен Ин ва Доналд Трамп охирҳои моҳи феврали соли равон дар шаҳри Ҳаной баргузор ва дар он қатъи пурраи барномаҳои ҳастаии Пхенян баррасӣ шуд. Ин мулоқот ноком анҷом шуда, Ким Чен Ин ва Доналд Трам ҳатто изҳороти муштаракеро ҳам нашр накарданд.

XS
SM
MD
LG