Ссылки доступа

Қароргоҳи мусодирашудаи Гулнора Каримоваро ба федератсияи домоди Мирзиёев медиҳанд


Федератсияи триатлон ё варзиши омехтаи иборат аз дучархасаворӣ, дав ва шиноварии Ӯзбекистон қароргоҳи Гулнора Каримоваро дар минтақаи истироҳатии "Сижжак"-и ноҳияи Бостанлиқи вилояти Тошканд соҳиб мешавад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон хабар медиҳанд.

Лоиҳаи рушди варзиши триатлон дар Ӯзбекистон рӯзи 24 июл нашр шуд.

Интизор меравад, дар минтақаи истироҳатии "Сижжак" пойгоҳи тамринии федератсия сохта шавад. Барои сохтмони пойгоҳ 1,7 миллион доллар ҷудо хоҳад шуд. Дар истироҳатгоҳи "Сижжак" меҳмонхона, се ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр ва дигар иншоот мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG