Ссылки доступа

Раҳмон ва Ҷеенбеков ба ҳусни ҳамсоядорӣ даъват карданд


Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон субҳи 26-уми июл дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо мардум мулоқот намуда, аз сокинон даъват намуданд, ки муросо дошта бошанд ва иззати ҳамсоядориро ҳифз кунанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков субҳи ҷумъа ба минтақаи марзии Ворух-Оқсой расиданд.

Ҳоҷӣ Домулло Муқомиддин, сархатиби ҷамоати Ворух, ки дар ин вохӯрӣ иштирок доштааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки президентҳои ду кишвар бо мардум мулоқот намуда, аз эҳтироми ҳамсоядорӣ сухан гуфтанд ва аз сокинон даъват намуданд, ки ба муноқиша ва моҷароҳо роҳ надиҳанд.

"Пас аз сӯҳбати президентҳо, ду нафар сокини Оқсой ва ду нафар аз Ворух баромад намуда, аз робитаҳои хуби ҳамсоядорӣ ҳарф заданд. Сокинони ҳарду деҳа ваъда доданд, ки дигар ба муноқиша роҳ нахоҳанд дод",-афзуд сархатиби ҷамоати Ворух.

Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои дуҷонибаи наздимарзӣ, дӯстӣ, рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ миёни тоҷикону қирғизҳои марзи ду кишвар сӯҳбат карданд"

Ба гуфтаи оқои Шарифзода, пас аз мулоқот бо сокинони минтақаҳои марзӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков раҳсипори шаҳри Исфара шуданд ва ҳоло музокироти сарони ду кишвар оғоз шудааст.

Замира Коҷобаева, хабарнигори бахши Қирғизии Радиои Озодӣ аз минтақаи Оқсой гуфт, ки мулоқоти президентҳои ду кишвар дар хати байни Ворух ва Оқсой каме бештар аз 30 дақиқа идома кард, вале ба ҷуз намояндагони дафтари матбуоти президентони ду кишвар ба ин маросим журналистони дигар роҳ дода нашуданд.

Ӯ гуфт, ки дар мулоқот аз ҳарду кишвар тахминан 30-нафарӣ сокинон иштирок карданд, ки як рӯз пеш интихоб шуда буданд. Ба гуфтаи ӯ, президентон аз мардуми маҳаллӣ даъват карданд, ки сулҳу оромиро риоя кунанд ва бигузоранд, ки мақомоти баландпоя корро ба хотири ҳалли баҳсҳои марзӣ идома диҳанд. Баъди ин, ба гуфтаи ӯ, президенҳо ба самти Исфара ҳаракат карданд. Президенти Тоҷикистон, ба гуфтаи Коҷобаева, бо чархбол ва раҳбари Қирғизистон бо мошинаш ба макони мулоқоти ду президент дар хоки вилояти Суғд ҳаракат карданд.

Сафари президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Ворух-Оқсой дар ҳоле сурат мегирад, ки ин минтақа тайи чанд рӯзи ахир саҳнаи муноқиша миёни сокинони марзӣ буд. Бар асари ин танишҳо 1 нафар ба ҳалокат расида, наздик ба 30 нафар аз ҳар ду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд.

Қарор аст баъди анҷоми мулоқоти баландпояи президентон дар ҳудуди Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Сооронбой Ҷеенбеков ба осоишгоҳи Иссиқкӯли Қирғизистон биравад. Ба иттилои Радиои Азаттик - бахши Қирғизии Радиои Озодӣ, дар қароргоҳи президенти Қирғизистон, ки дар шаҳраки Чолпонотаи Иссиқкӯл ҷойгир аст, президентон дидору гуфтугӯҳои расмии худро идома диҳанд. Ба гуфтаи сухангӯи президенти Тоҷикистон, сафар ба Иссиқкӯл шоми имрӯз дар назар аст.

Дар остонаи ин сафар, ба иттилои Радиои Азаттик, ҳаракат дар масири деҳоти Тамчи ва Бостери, ки дар даромадгоҳи Иссиқкӯл ҷойгир аст, барои ду рӯз маҳдуд мешавад. Аз ронандаҳо даъват шудааст, ки аз роҳи алтернативӣ истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG