Ссылки доступа

Тоҷикистон 80 зиндонии афғонро ба ватанашон супурд


Даҳҳо зиндонии афғон, ки солҳо боз дар Тоҷикистон пушти панҷараи зиндон буданд, дирӯз барои идомаи адои ҳукм ба Афғонистон интиқол дода шуданд.

Саидмаъсум Бадахш намояндаи сафорати Афғонистон дар Душанбе, ки дар ҷараёни супурдани маҳбусон ба дасти мақомоти ҳамсоякишвар ҳузур дошт, рӯзи 28-уми июл гуфт, ки 80 маҳбусро нисфирӯзӣ дар гузаргоҳи Панҷи поён ба дасти мақомоти Афғонистон супурданд.

Ӯ афзуд: "Имрӯз мо бо ҳузурдошти ҳайатҳои ҳарду кишвар шоҳиди интиқоли 80 тан будем. Мо феълан дар марз ҳастем. Марзи Панҷи поён-Шерхон Бандар омадем ва ин 80 танро ба тарафи Афғонистон интиқол додем."

Ба гуфтаи дипломати афғон, теъдоде аз шаҳрвандони Афғонистон, ки парвандаҳояшон дар додгоҳҳои Тоҷикистон баррасӣ мешавад, дар боздоштгоҳҳо мондаанд ва баъди поён ёфтани муқарарроти додгоҳӣ мумкин аст, онҳоро низ ба Афғонистон бисупоранд. То кунун беш аз 90 маҳбуси афғон дар маҳбасҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуданд. Саидмаъсум Бадахш гуфт, ки аксарияти шаҳрвандони Афғонистон барои қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз ҷазо гирифтаанд.

Ӯ афзуд: "Ин шаҳрвандон раҳо намешаванд, боқии ҳабси худро дар Афғонистон сипарӣ мекунанд."

Дар гузашта баъзе аз зиндониёни афғон аз шароити бади нигаҳдорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон шикоят кардаанд. Соли 2016 дипломатҳои Афғонистон гуфтанд, ки дар муддати ним соли ахир ду маҳбуси афғон дар зиндонҳои Тоҷикистон фавтидаанд. Якеро барои дафн ба Афғонистон бурдаанд, дигариро дар Тоҷикистон ба хок супурдаанд. Музокироти ду тараф барои супурдани зиндониёни афғон ба ватанашон барои адои ҳукм чанд сол боз идома дошт.

Вазорати умури хориҷии Афғонистон ду моҳ пештар гуфт, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ваъда додааст, ки 80 зиндонии афғонро барои адои ҳукм ба кишварашон мефиристад. Вазорат бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, дар мулоқоти Салоҳиддин Раббонӣ вазири умури хориҷии Афғонистон бо Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи 16-уми май, Раббонӣ “хоҳони интиқоли 80 тан аз зиндониёни афғон ба Афғонистон шуд.” Ба гуфтаи вазорат, Эмомалӣ Раҳмон “итминон дод, ки 80 зиндонии афғон ба зудӣ ба Афғонистон интиқол дода хоҳанд шуд.”

Мақомоти Тоҷикистон моҳи июли имсол гуфтанд, ки гурӯҳи охири зиндониёни тоҷик дар Афғонистон, ки 8 нафар буданд, барои адои ҳукм ва ё муҳокима дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба Душанбе супурда шуданд. Тоҷикистон бо Афғонистон марзи бештар аз 1300 километрӣ дорад ва яке аз роҳҳои асосии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва дигар кишварҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар сол мақомоти интизомӣ аз боздошти қочоқбарони афғон гузориш медиҳанд ва ё дар муқобила бо қочоқбарони мусаллаҳ онҳоро мекушанд. Айни замон бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Афғонистон боздошт шудаанд, ба ифротгароӣ ва ё узвият дар гурӯҳҳои тундраву террористӣ муттаҳам мешаванд.

XS
SM
MD
LG