Ссылки доступа

Фаъолони Қазоқистон озодии раиси пешини "Казатом"-ро талаб доранд


Шаби 27 июл иддае аз фаъолони қазоқистонӣ бо талаби озодии раиси пешини ширкати миллии "Казатомром" Мухтор Ҷакишев даст ба эътироз заданд. Додгоҳ ҳафтаи гузашта дархости Ҷакишевро дар бораи озодии пеш аз муҳлат рад кард.

Даная Калиева, фаъоли шаҳрвандӣ бо либосе дар эътироз ҳозир шуд, ки ному насаби тамоми зиндониёни сиёсӣ дар он навишта шудааст. Вай гуфт, талош дорад, ба ҳамаи роҳгузарон ва сокинон аз сарнавишти зиндониёни сиёсӣ "ититлоъ диҳад". Фаъолони дигар дар даст навиштаҷоти "Озодӣ ба Ҷакишев"-ро доштанд.

Кормандони милиса ин иқдомро аз фосилаи начандон дур назорат карданд.

Додгоҳи шаҳри Семейи Қазоқистон рӯзи 24 июл дархости раиси пешини ширкати "Казатомпром" Мухтор Ҷакишевро дар бораи пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуданро рад кард. Ҷакишев аз соли 2009 ба ин тараф дар зиндон аст.

Ҷакишев тариқи дурбин дар баррасии парвандааш суханронӣ кард. Вай баррасии додгоҳиро ноодилона номид ва афзуд, таҷрибааш нишон дод, ки дар додгоҳҳо "ҳақиқат маҷуд нест".

Нурлан Бейсекеев, вакили мудофеи Ҷакишев дар додгоҳ гуфт, вазъи сиҳатии нафари таҳти ҳимояташ дар зиндон нохуб шудааст.

Додгоҳ пештар аз ин дархости раҳоии Ҷакишевро дар моҳи ноябри соли 2018 рад карда буд. Дар охири моҳи сентябри соли 2018 аз се ду ҳиссаи муҳлати зиндони Ҷакишев ба итмом расид ва вай ба ин далел дархости раҳоии пеш аз муҳлатро кард.

Додгоҳ дар соли 2009 ӯро бо айби фасодкорӣ 14 сол зиндонӣ кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ соли 2013 Ҷакишевро маҳбуси сиёсӣ эътироф карданд.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар соли 2015 аз мақомоти Қазоқистон хоста буд, ки Ҷакишевро озод кунанд.

XS
SM
MD
LG