Ссылки доступа

Дар Туркманистон паҳнкунандагони овозаи марги президентро боздошт мекунанд


Дар Туркманистон боздошти паҳнкунандагони овозаи марги президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шуруъ шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

То ин замон корманди ширкати "Туркмантелеком" дар вилояти Лебап, корманди муассисаи обёрӣ ва корманди муассисаи комуналиву манзилӣ боздошт шудааст.

Пештар аз ин баъди радсозии расмии овозаи марги президент, дар шабакаҳо маъракаи густурдае бо даъвати бовар накардан ба хабарҳои бардурӯғ роҳандозӣ шуд.

"Имрӯзҳо дар шабакаҳо дар бораи президенти муҳтарами мо хабари нохуше паҳн мешавад. Ман аз шумо хоҳиш дорам, ба ин ҳарфҳо бовар накунед", - мегӯяд блогнависи маҳаллӣ Ягшӣ Гошунов.

Рӯзи 21 июл "Туркманистони Озод" - саҳифаи мухолифон дар шабакаи иҷтимоии Ютюб - бо такя ба хабарнигорони худ навишт, ки роҳбари Туркманистон рӯзи 20 июл вафот кардааст. Бердимуҳаммадов бори охир 5 июл дар мазҳари ом ҳозир шуда буд. 15 июл маркази матбуотии президенти он кишвар хабар дод, ки Бердимуҳаммадов дар рухсатии меҳнатӣ аст.

Расонаҳо менависанд, ҳавопаймои президенти Туркманистон рӯзи 12 июл дар Олмон қарор дошт. Аммо гуфта мешавад, ҳавопаймо модари Бердимуҳаммадовро, ки бемор аст, ба Олмон бурдааст.

Моҳи июни соли ҷорӣ Бердимуҳаммадов 62-сола шуд. Имсол бо баргузории маросими махсусе имомон ва вазирон барои сиҳатии Бердимуҳаммадов дуъои дастаҷамъӣ карданд.

XS
SM
MD
LG