Ссылки доступа

Раиси амнияти Ӯзбекистон ба сокинони манзилҳои тахрибшуда ваъдаи пардохти ҷубронро дод


Абдусалом Азизов, раиси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон шаби 27 июл ба ноҳияи Яккабоғи он кишвар рафт. Дар ин ноҳия чанде пеш як соҳибкор ҳангоми тахриби мағозааш муовини раиси ноҳияро бензин пошида, оташ зад.

Раиси хадамоти амният ба макони оташ задани муовини раиси ноҳия рафт ва мақомдорони ноҳияро барои тахриби мағозаи соҳибкор танбеҳ дод.

Сокинони маҳаллӣ ба Абдусалом Азизов аз худсарии мақомоти ноҳия шикоят карданд. Азизов ваъда дод, ки ба сокинон дар ҳаҷми наздик ба 200 ҳазор доллар ҷуброн пардохт хоҳад шуд.

Рӯзи 27 июл сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо сокинони дигари норозӣ дар ноҳияи Урганҷ мулоқот кард. Орипов бо сокиноне вохӯрд, ки баъди тахриби манзилҳояшон ҷубронпулӣ дарёфт накарданд. Сокинони ноумедшуда шаби 26 июл роҳи мошингарди Урганҷ-Ҳазораспро бо нишони эътироз бастанд.

XS
SM
MD
LG