Ссылки доступа

Хабарнигори Радиои Озодиро афроди ношинос таъқиб доранд


Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар вилояти Қарағанда Елена Вебер мегӯяд, чанд рӯз мешавад, таҳти таъқиби афроди ношинос қарор дорад.

Ба гуфтаи Вебер, 30 июл як зани ношинос ба хонаи ӯ дар шаҳри Темиртау рафта, худро Жулдуз Жубасбоева, корманди ҳукумати Қарағанда муаррифӣ ва дар бораи худу аҳли хонаводааш суолҳое додааст. Вале рӯзноманигор аз посух додан худдорӣ кардааст.

Вебер гуфт, бо ин зан дертар дар даромадгоҳи бинои зисташ дубора рӯбарӯ шуд ва ҳамсояҳояш ҳам ба хабарнигор гуфтаанд, ки аз онҳо низ дар бораи ӯву аъзои хонаводааш пурсидааст. Худи зан сабаби рафтанаш ба хонаи рӯзноманигорро шарҳ надодааст.

Дертар марде дар либоси мулкӣ ҳозир шуда, занро бо худ бурдааст ва ҳар ду ҳам аз суҳбат дар рӯбарӯи дурбини телефон худдорӣ карда, ҳангоми наворгирии хабарнигор рӯйҳои худро пинҳон кардаанд. Мард низ гуфтааст, корманди ҳукумати Қарағанда мебошад.

Дар ҳукумати вилояти Қарағанда ба суоли хабарнигор, ки оё корманде бо номи Жулдуз Жубасбоева доранд, ҷавоби рад додаанд. Вебер мегӯянд, чанд рӯзи ахир эҳсос мекард, ки афроде мошини ӯро таъқиб мекунанд.

Хабарнигори қазоқ ҳодисаи мазкурро ба фаъолияти касбияш рабт дода, гуфт, тобистони соли 2018 низ афроди ношинос бо ирсоли номае ӯву хонаводаашро таҳдид карда буданд. Ҳамчунин ба паёмакрасони ӯ акси боғчаеро фиристоданд, ки дар он фарзандаш тарбия мегирад.

Елена Вебер он замон ба пулиси Темиртау шикоят карда буд ва дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Таҳдид" парванда боз шуд, вале натиҷаи тафтишот то ҳол маълум нест.

XS
SM
MD
LG