Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ дар як ҳафтаи охир бори дувум мушак озмоиш кард


Куриёи Шимолӣ 31 июл ду машаки кутоҳпарвоз озмоиш кард. Камтар аз як ҳафта пеш ин кишвар ҳамингуна мушакро озмоиш карда буд.

Низомиёни Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, ҳар ду мушак наздики 250 километр бо баландии 30 километр парвоз карданд. Мақомоти Куриёи Ҷанубӣ аз Куриёи Шимолӣ хостанд, ки озмоишро қатъ кунад.

Куриёи Шимолӣ дар навбати худ, тамринҳои муштараки ИМА ва Куриёи Ҷанубиро танқид мекунад. Тамрини навбатии ду кишвар охири тобистони соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст. Пхенян ин тамринро "омодагӣ ба ҳамла" меномад.

Моҳи июни соли ҷорӣ Доналд Трамп, президенти ИМА ва роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин дар минтақаи ғайринизомии сарҳади ду Куриё мулоқот карданд. Трамп ба сарҳади Куриёи Шимолӣ ворид шуд ва баъдан бо Ким Чен Ин ба сарҳади Куриёи Ҷанубӣ баргашт.

Ду раҳбар дар гузашта ду бор дар бораи даст кашидани Куриёи Шимолӣ аз силоҳҳои атомӣ гуфтӯгу кардаанд. Ҳарчанд Доналд Трамп ва Ким Чен Ин баъди ин мулоқотҳо ҳамдигарро ситоиш кардаанд, вале дар масъалаи орӣ кардани нимҷазираи Куриё аз силоҳи атомӣ пешрафти ночизе ҳосил шудааст.

XS
SM
MD
LG