Ссылки доступа

Парвандаи сокинони Бишкек барои шиорҳои "зиддипутинӣ" қатъ шуд


Пулиси Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ зидди зану шавҳареро қатъ кард, ки дар остонаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба шаҳри Бишкек ҳамоиши эътирозии осоиштаеро баргузор карда буданд.

Нурлан Каримшакови 48-сола ва Гулзана Имоева 27 марти имсол, як рӯз пеш аз сафари Путин ба Қирғизистон дар назди сафорати Русия дар Бишкек ҳамоиши эътирозиеро баргузор карданд.

Ин фаъолон, ки дар даст шиорҳои "зиддипутинӣ" -- "Путин - хушунаткор", "Ишғолгар", "Қотил" ва "Мо ба пойгоҳи низомӣ ниёз надорем" доштанд, худи он рӯз боздошт ва ба "ангехтани бадбинии нажодӣ" айбдор шуданд.

"Тасмими қатъи парванда дар асоси хулосаи ташхиси забоншиноси ва равоншиносӣ гирифта шуд", - гуфт вакили дифои гумонбарон Замир Жоошев.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) 29 марти соли равон мақомоти Бишкекро ба қатъи парвандаи ҷиноӣ зидди ин зану шавҳар даъват карда буд. HRW бо нашри як изҳорот гуфт, "изҳори назари манфӣ ба ин ё он шахси алоҳидае, ки сиёсатмадор ё президенти кишваре аст, бадбинии нажодӣ зидди мардуми давлати ӯ шумурда намешавад".

Намоиши эътирозии мазкур дар арафаи сафари якрӯзаи Путин ба Қирғизистон баргузор шуд. Мақомоти Бишкеку Москва дар ҷараёни ин сафар дар баробари баррасии масоили дигар ҳамчунин ба созиш расиданд, ки барои пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон боз 60 ҳектар замин дода шавад.

XS
SM
MD
LG