Ссылки доступа

"Ӯзбекконсерт" рэпсароёнро зери назорат мегирад


Одил Абдуқаҳоров, мудири "Ӯзбекконсерт" дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони маҳаллӣ гуфт, рушди рэпро дар он кишвар зери назорат мегирад.

"Ҳарчанд мо рэпро мамнуъ эълом кардем, он машҳуртар шуд. Ҳар чизи мамнуъшуда ҳамеша ҷолиб ҷилва мекунад. Рэпсароён ба дашном шуруъ карданд ва рафтори ғайриахлоқона ба намоиш гузоштанд, зеро мо ба онҳо таваҷҷуҳ накардему тарбия нанамудем. Мо ҳоло мехоҳем, бо рэпсароён ҳамкорӣ кунем. Метавон гуфт, ки мо рэпро зери назорат гирифтем. Акнун ҳадафи мо ин аст, ки ба рэпсароён фаҳмонем, онҳо бояд аз анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ сароянд", - гуфт Одил Абдуқаҳоров.

Моҳи феврали соли ҷорӣ мудири "Ӯзбекконсерт" аз овозхонон хост, дар бораи роҳбари давлат сурудҳои тавсифӣ насароянд. Сар аз моҳи июли соли 2017 инҷониб овозхонони Ӯзбекистон танҳо он сурудҳоеро иҷро мекунанд, ки аз сӯи "Ӯзбекконсерт" тасдиқ шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин ташаббус ба хотири боло бурдани сифати бозори овозхонии Ӯзбекистон аст.

XS
SM
MD
LG